Добавил:
Upload Опубликованный материал нарушает ваши авторские права? Сообщите нам.
Вуз: Предмет: Файл:
Hukuki_oilavi-spaces.ru.doc
Скачиваний:
2
Добавлен:
01.07.2025
Размер:
234 Кб
Скачать
☆

4) Њуќуќњо оид ба масъалањои њаёти оилавї ва тарбияи фарзандон

Дар истифодаи ин њуќуќ бисёр пањлўњои њаёти шахсии зану шавњар дар назар дошта мешавад: тарбияи фарзандон, пешбурди кори хољагї ва ѓайра. Номгўи корњое, ки бо њаёти оилавї алоќаманданд, хеле гуногун мебошанд. Чун ќоида, дар иљрои ин корњо зану шавњар бояд баробар иштирок намоянд. Аммо то њол дар соњаи маишати оила байни зану мард баробарии комил дида намешавад.

Њуќуќи иштирок дар њалли масъалањои тарбияи фарзандон асосан дар шаклњои зерин ба амал бароварда мешаванд: тарбияи њаматарафаи фарзандон, додани ному насаб ба фарзандон, муайян кардани љои истиќомати фарзандони ноболиѓ, талаб карда гирифтани фарзандон аз дигар шахсе, ки ѓайриќонунї онњоро нигоњ медорад ва ѓайра. Фарзандон муњимтарин воситаи баќодории оила мебошанд. Аз ин сабаб барои тарбияи дурусти онњо муњити боварї ва эњтироми њамдигариро фароњам овардан зарур аст.

Саволњо:

1) Њуќуќ ва вазифањои њамсаронро номбар кунед. 2) Масъалаи интихоби насабро баъди ташкили оила њамсарон чї гуна њал мекунанд? 3) Агар њамсарон хоњанд, ки насабашонро таѓйир дињанд, кадом моддаи Кодекси оиларо ба асос мегиранд? 4) Дигар кардани насаб бо иљозати кадом маќомот сурат мегирад? 5) Њуќуќи иштирок дар њалли масъалањои тарбияи фарзандон дар кадом шаклњо ба амал бароварда мешавад?

9. Њуќуќњои молумулкии зану шавњар

Пас аз ќайди давлатии никоњ дар байни зану шавњар муносибатњои молумулкї пайдо мешавад. Минбаъд дар љараёни никоњ молу мулки якљоя бадастовардашуда, мувофиќи моддаи 34 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон, амволи муштараки зану шавњар ба шумор мераванд ва амволе, ки зану шавњар дар давраи њамзистї љамъ овардаанд, моликияти умумии онњо њисобида мешавад.

Молу мулки якљояи зану шавњар аз маблаѓњои пулї, амволи манќул – мошинњои тамѓањои гуногун ва дигар воситањои наќлиёт, инчнин амволи ѓайриманќул – хонањои истиќоматї, иморатњо, мебели хона ва монанди онњо, ќоѓазњои ќиматнок ва вомбаргњо, вексел, чек, сертификати бонкї ва ѓайра, сањмияњо – сањмияњои оддї ва имтиёзнок пай ва ѓайра иборат аст. Њамаи амволи номбурда, ки танњо дар давраи зану шавњарї љамъ оварда шудаанд, молу мулки муштараки онњо ба шумор меравад.

Яке аз шартњои дар ќонун нишондодашуда ба вазъи тоникоњии шањрвандон алоќаманданд, яъне амволе, ки то аќди никоњ ба зан ё шавњар тааллуќ дошт, моликияти шахсии ў ба њисоб меравад. Масалан, то хонадоршавї яке аз њамсарон соњиби хонаи истиќоматї, мошин ва дигар навъи амвол бошад, ин амвол пас аз ба никоњ даромадан низ њамчун моликияти алоњидаи вай эътироф мешавад. Таљрибаи судї гувоњї медињад, ки таќсими молу мулки умумии њамсарон дар ду њолат рух доданаш мумкин аст: а) дар њолати ќатъи никоњи њамсарон; б) дар њолати вафоти яке аз њамсарон, ваќте ки зарурати ба мерос додани моликияти шахсии њамсари фавтида ба миён меояд. Ѓайр аз ду њолати номбурда, таќсими амволи муштараки зану шавњар њангоми дар ќайди никоњ будани њамсарон бо тартиби судї низ амалї шуданаш имкон дорад, агар яке аз њамсарон ё ќарздињандаи ў даъво пешнињод намояд. Дар ќонунгузории оилавї таќсими амволи якљояи њамсарон бо ќатъи никоњ вобаста карда намешавад. Аз ин рў, суд њангоми дар ќайди никоњ будани њамсарон њуќуќи рад кардани аризаи даъворо оид ба таќсими моликияти умумии зану шавњар надорад.

Саволњо:

1) Дар байни зану шавњар муносибатњои молумулкї аз кай пайдо мешавад? 2) Кадом навъи моликият моликияти умумии њамсарон њисобида мешавад? 3) Таќсими молу мулки умумии њамсарон дар кадом њолатњо рух доданаш мумкин аст?

Соседние файлы в предмете [НЕСОРТИРОВАННОЕ]