- •Низомномаи намунавии низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон
- •1.Ќоидањои умумї
- •2.Мафњумњои асосї
- •3.Банаќшагирї ва ташкили раванди таълим
- •4.Низоми назорат ва бањодињї ба дараљаи азхудкунии фанњо
- •Љадвали муайян намудани ифодаи њуруфї ва ададии бањои донишљў
- •Тарзи њисоби холи умумии миёнаи (gpa)-и донишљў дар семестр
- •7. Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтињонї
- •5.Ташкили корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор
- •6. Тартиби иљро ва њимояи лоиња ва корњои курсї
- •8. Апеллятсия ва тартиби гузаронидани он
- •9.Тартиби бартараф намудани ќарзњои академї
- •10. Тартиби ташкил ва гузаронидани триместр (семестри иловагї)
- •11. Тартиби бартараф намудани фарќияти академї
- •12.Тартиби гузаронидани таљрибаомўзї
- •13.Тартиби хориљ, барќароркунї ва интиќоли донишљў
- •14.Фаъолияти маркази баќайдгирї ва машварат
- •15.Фаъолияти хадамоти мушовирони академї (эдвайзерњо)
- •16.Њуќуќ ва уњдадорињои донишљў
- •17.Пардохти маблаѓи тањсил
8. Апеллятсия ва тартиби гузаронидани он
86.Апеллятсия - бо маќсади муайян ва бартараф намудани њолатњои бањогузории ѓайриобъективона ба дараљаи азхудкунии барномаи таълимии фанњои таълимї аз љониби донишљўён, гузаронида мешавад. Комиссияи апеллятсионї бо фармоиши ректор таъсис дода шуда, ба он намояндаи ќисми таълим (ба њайси раис), намояндагони садорати факултет, кафедраи мувофиќ ва омўзгори фанни таълимї (њамчун аъзо) дохил мешаванд.
87.Апеллятсия дар асоси аризаи донишљў оид ба ќаноатманд набудан ў аз натиљаи имтињони љамъбастї, дар њолатњои зерин гузаронида мешавад:
-ѓалат пешнињод гардидани супоришњои тестї аз љониби омўзгорї фанни таълимї ё њангоми генератсияи супоришњои тестї бо хатои техникї тањия гардидани варианти саволномањои тестї;
-набудани љавоби дуруст ё овардани ду љавоби дуруст дар байни љавобњои ба супориши тестї пешнињодшуда аз љониби омўзгори фанни таълимї;
-берун аз доираи барномаи таълимии фан пешнињод гардидани супоришњои тестї;
-ба њисоб нагирифтани љавобњои дуруст њангоми санљиши вараќаи љавобњои донишљў аз љониби омўзгори фанни таълимї ё сканер накардани он аз љониби мутахассиси маркази тестии муассисаи тањсилоти олии касбї;
-ѓалат тартиб додани калиди љавобњои дуруст аз љониби омўзгори фанни таълимї ё бо хато ворид намудани калиди љавобњои дуруст ба барномаи компютерї;
88.Дархости донишљў дар асоси аризаи ў оид ба гузаронидани апеллятсия дар муддати 48 соат аз лањзаи эълон гардидани натиљаи имтињони љамъбастї баррасї карда мешаванд.
89.Тартиби гузаронидани апеллятсия:
-донишљў рўзи эълон шудани натиљаи имтињони љамъбастї бо нишон додани номи фан ва раќами тартибии саволе, ки бояд аз тарафи комиссияи апеллятсионї аз нав дида баромада шавад, ба номи раиси комиссия ба маркази баќайдгирї ва машварат бо ариза мурољиат мекунад. Комиссия аризаи донишљўро арзёбї намуда, бо назардошти мувофиќати он ба талаботи њолатњои дар банди 87-и Низомнома овардашуда оид ба зарурати гузаронидани апеллятсия ќарор ќабул мекунад;
-натиљаи апеллятсия ба вараќаи апеллятсионї, ки мутахассиси маркази баќайдгирї ва машварат омода намудааст, гузаронида мешавад;
-таѓйир додани холњои дар имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1,2) бадастовардаи донишљў њагоми гузаронидани апеллятсия ќатъиян манъ аст.
9.Тартиби бартараф намудани ќарзњои академї
90.Ќарзњои академии донишљў њангоми аз рўи натиљаи нињої азхудкунии барномаи таълимии ин ё он фан гирифтани бањои F (ѓайриќаноатбахш) ва ё бесабаб њозир нашудан ба имтињони љамъбастї ба вуљуд меоянд.
91.Мутахассиси маркази баќайдгирї ва машварат сабабњои ба вуљуд омадани ќарзњои академиро тањлил намуда, дар асоси муайян намудани рейтинги академии донишљўён, номгўи фанњои таълимиро барои такроран супоридани имтињони љамъбастї муайян мекунад.
92.Такроран супоридани имтињон аз ин ё он фанни таълимї пас аз сессия (бе пардохти маблаѓи иловагї) ба донишљўёне иљозат дода мешавад, ки аз имтињонњои фосилавї бомуваффаќият гузаштаанд, вале бо сабабњои узрнок ба имтињони љамъбастї њозир нашудаанд ё ки бањои Fх гирифтаанд. Ба ин гурўњ донишљўёне низ дохил мешаванд, ки дар дарсњо пурра иштирок намуда, имтињонњои фосилавии якумро бо бањои баланд супоридаанд, вале бо сабаби беморї (бо њуљљати тиббї тасдиќшуда) ба имтињонњои фосилавии дуюм ва имтињони љамбастї њозир нашудаанд. Ба ин ќабил донишљўён барои супоридани имтињон пас аз сессия то як моњ муњлат муќаррар карда мешавад. Дар мавриди такроран супоридани имтињони љамъбастї шакли ќабули имтињон ва њайати комиссия таѓйир намеёбад.
93.Мушовири академї (эдвайзер) ва мутахассиси маркази баќайдгирї ва машварат (баќайдгиранда) номгўи фанњои таълимї, ному насаби донишљўёни дорои ќарзњои академиро муайян намуда, љадвали такроран супоридани имтињонњоро бо нишон додани сана, ваќт ва макон тартиб медињад ва барои тасдиќ ба муовини ректор оид ба таълим пешнињод мегардонад.
94.Ба истиснои њолатњои дар банди 92-и Низомномаи мазкур овардашуда (бе пардохти маблаѓи иловагї) такроран супоридани имтињонњои фосилавї, имтињони љамъбастї ва пурра аз нав омўхтани фан ќатъиян манъ аст.
