- •Мавзӯъ: “Ҷойгоҳи рӯзномаи «Суғд Ҳақиқатӣ» дар матбуоти вилояти Суғд”
- •Боби 1 .Аз таърихи таъсис, сохтор ва мундариҷаҳои аввалин рӯзномаҳои ӯзбекзабони Осиёи Миёна
- •Б)Сохтор ва мундариҷаи рӯзномаи зикр шуда
- •Фасли1.Корбурди жанрҳои иттилотӣ дар рӯзнома
- •Б) Мавқеи истифодаи жанри хабар дар рӯзнома
- •Фасли2.Истифодаи жанрҳои таҳлили дар рӯзнома.
- •Жанри «мақола»
Боби 1 .Аз таърихи таъсис, сохтор ва мундариҷаҳои аввалин рӯзномаҳои ӯзбекзабони Осиёи Миёна
Аввалин рӯзномаҳои милли дар Осиёи Миёна бо омадани Русия ба Осиё Миёна зич алоқаманд мебошад аввалин нишонаҳои рӯзномаҳои милл дар ин мавзеъи ҳам баъди ташкил шудани Генерал Губернатори Туркистон дар ҳозира Узбекистон ба вуҷуд омадааст. Дар бораи аввалин рӯзномаҳои милли (он рӯзномаҳои, ки бо забони миллї чоп мешуд) дар фаслҳои баъдина шинос мешавед.
Фасли1.Таърихи таъсиси рӯзномаҳои ӯзбекзабон дар Осиёи Миёна
Пеш аз он, ки мо дар бораи таърихи таъсиси рӯзномаи ӯзбекзабони «Суғд Ҳақиқати» сухан ронем ба таърих назар меафканем ва дар бораи аввалин рӯзномаҳои ӯзбекзабони Осиёи миёна ба мисли «Туркистон вилоятнинг газети» «Тӯрон» ва дар бораи дӯстии ин ду миллати ҳамсоя сухан меронем.
Миллатҳои ӯзбеку тоҷик аз қадим бо ҳамдигар алоқаи хешутаборӣ ва алоқаи зич доштаанд. Ҳанӯз аз давраи Абдураҳмон Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ анъанаҳои устоду-шогирдӣ байни ин ду халқҳо реша гирифта буд. Ин албатта дар бобати адабиёт буд.
А)Таърихи таъсиси рӯзномаи аввалини ӯзбекзабон «Туркистон вилоятнинг газети»
Дар бобати матбуот бошад, аввалин газетаи ӯзбекӣ дар Осиёи Миёна соли 1870 аз тарафи истилочиёни рус, яъне аз тарафи генерал губернатори Туркистон замима ба гезетаи «Туркестанская ведемости» пайдо шуд ва «Туркистон вилоятнинг газети» ном дошт. Ин газета дар аввал тарҷумаи таҳтуллафзии рӯзномаи русӣ буд, то соли 1883 замима пас аз ин бошад ҳамчун газетаи мустақил дар шаҳри Петербург чоп мешуд ва то соли 1917 чопи худро давом додааст.
Солҳои 1871-1883 тарҷумони Генерал губарнатор Шоҳимардон Иброҳимов, дар аввали соли 1883 Муҳаммадҳасан Чанишев ва аз соли 1833 то 1917 Н.П Остроумов сармуҳарририи ин рӯзномаро бар ӯҳда доштаанд.
Дар саҳифаҳои газета асосан маводҳои табиати тарғиботӣ доштаи сиёсати мустамликаи «подшоҳи сафед» (оқ подшо)-ро дошт, чоп мешуд. Ҳамчунин қарору фармонҳое, ки аз тарафи амир қабул шуда, иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ буд, низ чоп мешуд. Ѓайр аз маводҳои расмӣ дар бораи ғалладорӣ, кирмпарварӣ, илму техника, адабиёт ва санъат маводҳо чоп мешуд. Дар газета асари «Макри публитсистикаи сиёсӣ»-и Сатторхон Абдуғаффоров, шеърҳои маърифатӣ ва ҳаҷвҳои Фурқат ва Муқимӣ ҳам чоп мешуд. Боз аввалин тарҷумаҳои асарҳои адибони бузурги рус ба мисоли И.А Крилов, А.С Пушкин, Н.В Гоголь, И.С Тургенев, Л.Н Толстой дар ин газета чоп гардидааст ва ин рӯзнома аз 500 то 700 шумора чоп шудааст.
Ҳозир нусхаҳои газета дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алешер Навоӣ, нигоҳ дошта шудааст.
Маводҳое, ки дар газетаи зикршуда чоп шудааст, дар таъсири ҳаёти халқҳои асри 19 ва 20-и Осиёи Миёна роли хеле калон мебозад.
Дар бобати омӯхтани таърих ҳам кӯмаки хеле калон мерасонад. Ба њамагон маълум аст, ки дар саҳифаҳои китоби таърих ҳамаи таърихро ҷойгир карда намешавад вале дар рӯзнома бошад ин имконпазир аст, аз сабабе, ки рӯзнома ҳар рӯз чоп мешавад, дар он як маълумоти нав ба табъ мерасад.
Б) Замимаи «Бухорои Шариф» - «Тӯрон»
Аз соли 1912 замима ба газетаи аввалини тоҷикӣ «Бухорои Шариф», ки аз 11-марти соли 1912 ба чоп оғоз карда буд, газетаи ӯзбекӣ бо номи «Тӯрон» чоп мешавад. Дар бораи ин газета маълумотҳо дар таърих кам аст. Садриддин Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби Бухоро» менависад: «баъд аз чопи чор моҳи «Бухорои Шариф» ӯзбекзабон будани аҳолии баъзе қишлоқҳои атрофи Бухоро ва вилоятҳои он ба назар гирифта, масъалаи нашри газета бо забони ӯзбекӣ ба миён партофта шуд. Бо машварати ҷавонон дар идораи «Бухорои Шариф» ҳафтае ду маротиба «Турон» бо забони туркӣ чоп гардид.
Шумораи аввалини газетаи «Тӯрон» 14-июли соли 1912 нашр шуд. Ҳамин тавр ҳафтае чаҳор маротиба «Бухорои шариф» ва ду маротиба «Тӯрон» нашр мешуд». (Таърихи инқилоби Бухоро.-Душанбе:Адиб,1987.-240с., саҳ. 107)
Газетаи «Тӯрон» бо сабаби дар Бухоро ӯзбекзабонон бисёр буданаш, хонандаи бисёрро ба худаш ҷалб намуд ва дар байни аҳолии Бухоро шинохта шуд. Аммо ба гуфти устод Айнӣ: «Аз сабабе, ки муҳаррирони газета аз дигар давлат омада будаанд, хароҷоти газета хеле зиёд буд, ношири газета, ки фақат барои нафъи моддӣ нашри газетаро ба гардан гирифта буд, нашри газетаҳоро қать карданӣ шуд. Дар ин ҷо бо сардори Мирзо Муҳиддин ҷавонони Бухоро ба майдон баромада, барои давоми нашри газетаҳо ширкате ташкил кардаанд. Аз сентябри соли 1912 нашри газетаҳо ба ҳисоби ширкат гузашт ва муҳаррири он ба Ғиёс-махдуми Ҳасанӣ, ки дорулмуаллимини Истанбулро тамом карда буд, супорида шуд».
Газета дар давоми умри кӯтоҳи худ ба аҳолии Бухоро умеди зиёд бахшид. Азбаски нашри газетаҳо ба давраи ҷанги Италия ва Болқон рост омад, онҳо аҳолии аз ҳама чиз бехабари Бухороро аз таърих, ҷуғрофия, аз сиёсатҳо, аз аҳволи умуми Аврупо огоҳ мекардаанд. Ба мағзи ҷавонони давр фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир менамудаанд.
Ин ба он дараҷа расид, ки ҳатто шогирдони мадрасаҳо, ки фақат илми динро меомӯхтанд, талаб мекарданд, ки ислоҳи ҷадвали дарс кунанд».
Ҳамин тариқ ҳар ду газета ҳам дар Туркистон диққати мардумро ба худаш ҷалб карданро сар кард ва Тӯрон дар ин боб аз Бухорои Шариф ҳам гузашт. Аз ин бармеояд, ки дар давраи бедоршавӣ газетаи «Тӯрон» барои халқ чун минбар хизмати арзандае кардааст.
Дар Осиёи Миёна хусусан дар таркиби миллати тоҷик боз бисёр рӯзномаҳо монанди «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Халқ овози») «Қутулиш» чоп шудааст.
Фасли2.Таърихи таъсис ва мундариҷаи рӯзномаи «Сӯғд Ҳақиқати»
А) Таърихи таъсиси рӯзнома
Дар давраи истиқлолият бошад фақат як рӯзномаи ҷумҳуриявии ӯзбекӣ бо номи «Халқ овози» таъсис шуд ва дар пойтахт чоп мешуд.
Дар вилояти Суѓд бошад фазои иттилоотӣ бо забони ӯзбекӣ холӣ буд. Муаммоҳои бисёре дар байни мардуми ӯзбекзабони вилояти Сӯғд буд аммо қариб, ки дар ягон ВАО (-и сатҳи вилоятӣ) инъикос намеёфт.
Баъдан дар асоси Қарори кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод аз 29-майи соли 1993, ки дар бораи «Таъсиси рӯзномаи вилоятии бо забони ӯзбекӣ «Ленинобод Ҳақиқати» буд, рӯзномаи «Ленинобод Ҳақиқати» (ҳозира «Сӯғд Ҳақиқати») таъсис дода шуд. Дар асоси ҳамин қарор аввалин сармуҳаррири ин рӯзнома Тоштемир Ҷӯрабоев, ки дар байни мардум бо номи Мафтур Ҷӯра машҳур буд, таъин карда шуд.Ҷонишини сармуҳаррир бошад нависанда ва шоир Дилмурод Ҳожимуродов таъин шуд.
